Ҳофизи Шерозӣ (ﺣﺎﻓﻆ ﺷﻴﺮﺍﺯﻯ) Хафиз Ширази

  • Подписчики: 520 подписчиков
  • ID: 97372894
Блокировка:
Нет ограничений
Верификация:
Сообщество не верифицировано администрацией ВКонтакте
Видимость
открытое
Популярность:
У сообщества нет огня Прометея
Домен:
sunnatillozoda2

Описание

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби “Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ онро тиловат мекард. Харгиз намирад, он ки дилаш зинда шуд ба ишк. Бобои Ҳофиз, ки аз Купо ном музофоти Исфаҳон буд, ҳангоми ҷавонии падари Ҳофиз ба Шерозмекӯчад ва дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. Падари Ҳофиз, ки Баҳоуддин ном дошт, дар Шероз ба касби тиҷорат машғул буд. Модари ӯ аз аҳли Козрун буд. Зиндагии осоишта дар хонадони Ҳофиз дер напоид. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андак вақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарони ӯ ба ҷустуҷӯи луқмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо аз ҳама хурд буд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшок таъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофиз баъд аз чанде ба хидмати нонвоӣ ба шогирдӣ истод ва касби хамиргариро пешаи худ сохт. Касби Ҳофизи хурдсол басе вазнин ва тоқатфарсо буд. Ӯ аз нимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳисса тақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарф мекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард. Дар мактаб Ҳофиз истеъдоди фавқулоддаи фитрӣ зоҳир намуда, Қуръонро зуд аз ёд кард ва хондану навиштанро низ ба хубӣ омӯхт. Дар маҳаллае, ки Ҳофиз мезист, дӯконе буд, ки онҷо аҳли адаб ҷамъ шуда, муошира ва базми сухан меоростанд. Ҳофиз низ гоҳ-гоҳе аз он маҳфил файз гирифта, ба машқи шеър оғоз кард. Лекин бештари вақти ӯ ба андӯхтани илм сарф шуда, Ҳофиз дар баробари мустақилона омӯхтани мероси форсизабонон забону адабиёти араб, ҳадису фиқҳ, ҳандасаву нуҷум ва Қуръонро бо ҷидду ҷаҳд омӯхта, дар андак замоне ҳамчун олим машҳур шуд. Ӯ ҳатто ба китоби машҳури ‘’Тафсири кашшоф’’ шарҳ навишт. Ҳофиз ҷое ба омӯзиши улум ишора карда мегӯяд: Илму фазле, ки ба чанд сол дилам ҷамъ овард, Тарсам он наргиси мастона ба яғмо бибарад Аз ишораҳои худи ӯ муҳаққиқони гузашта ва имрӯза пай бурдаанд, ки ӯ соҳиби зану фарзанд будааст. Ба қавли муаллифи тазкираи »Хизонаи Омира« Ғуломалихони Озод, фарзанди калони Ҳофиз, ки Шоҳнуъмон ном доштааст, дар Ҳиндустон фавт карда будааст. Фарзанди дигари ӯ дар кӯдакӣ аз олам гузаштааст. Инчунин аз ашъори Ҳофиз маълум мешавад, ки ёри азизаш ҳам ӯро танҳо гузошта, оламро хеле пеш аз ӯ падруд гуфта будааст. Бар замми маҳрумиятҳои оилавӣ ва шахсӣ Ҳофиз аз замонаи шум низ азиятҳои зиёд мекашид. Ҳофиз дар замоне ҳаёт ба сар мебурд, ки задухӯрдхои пайдарпаи ҳокимони маҳаллӣ мамлакатро хароб ва мардумро хонавайрон мекарданд. Дар баробари нооромии замон, задухӯрдҳои ашрофзодагон, қатлу ғорати бегонагон аҳволи зиндагии Ҳофиз ҳам, бешубҳа тоқатфарсо буд. Махсусан ҳокимону давлатмандони Шероз ба қадри сухани Ҳофиз намераси